МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН БО ХАБАРНИГОРОНИ ХОРИҶӢ
Ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» мавриди таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мисри Араб ва дигар кишварҳои арабӣ қарор гирифт. Аз ин хотир бо хоҳиши намояндагони васоити ахбори умум имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мухбири махсуси рӯзномаи бонуфузи аш — Шарқ — ул — Авсат Муно Мадкур ва як қатор хабарнигорони дигар мусоҳибаи матбуотӣ ороста, оид ба мазмун ва мундариҷаи ин китоб, ки се ҷилдаш аллакай бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва имрӯз бо забони арабӣ ҳам ба нашр расидааст, маълумот дод. Таъкид гардид, ки ҷилди чаҳоруми китоб низ имрӯзҳо ба нашр омода мешавад.Чунонки зикр гардид, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» сарнавишти мухтсари миллати бостонию фарҳангофари тоҷик ва нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро гирифта, дорои аҳамияти илмию таърихӣ аст ва барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзномаи аш — Шарқ — ул — Авсат аз муътабартарин рӯзномаҳои арабӣ буда, дар шаҳри Лондон бо теъдоди миллионҳо нусха чоп мешавад ва дар тамоми кишварҳои арабӣ паҳн мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






