МУСОФИРКАШОНӢ ДАР РОҲИ ОҲАН ЧАРО КАМ ШУД?

Июль 31, 2009 10:24

                    Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти расмии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» оид ба мусофиркашонӣ, дар моҳҳои январ — июни соли 2009 тавассути роҳи оҳан 331,2 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 -ум 13, 5 фоиз кам аст. Аз шумораи умумии мусофирон бо қатораҳои дуррав 74, 9 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 — 48, 3 фоиз кам шудааст.                  Аз рӯи қитъаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавассути қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд дар нимсолаи якум 102 ҳазор нафар, дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе (дар якҷоягӣ бо НТҶ) 197 ҳазор ва тавассути қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон 32,1 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки сабаби коҳиши онро коршиносон дар бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва фаъолият накардани корхонаҳо дар ҳориҷи кишвар медонанд.

Июль 31, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд