НАМОИШИ КАЛОНИ НИГОРАҲО ВА ДАСТХАТҲОИ ЧОПӢ
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-21 июл дар Осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод намоиши калони нигораҳо ва дастхатҳои чопӣ бо номи «Абуабдуллои Рӯдакӣ ва сомониён дар осори фарҳангӣ» баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори осорхона Абдувалӣ Шарипов хабар дод, намоиши мазкур ба 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ бахшида шуда, бо ташаббуси Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон доир мегардад. Дар он сиккаҳо, нигораҳо ва дастхатҳои чопие, ки ба давраи шоир тааллуқ доранд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамчунин, ба маърази тамошо китобҳои тозанашр, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ ҳикоят мекунанд, гузошта хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






