НАРХИ ҚУВВАИ БАРҚ БАЛАНД МЕШАВАД

Июль 27, 2009 16:29

                Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» ба Вазорати рушди иқтисод ва саноати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки нархи фурӯши қувваи барқ барои ҳамаи истифодабарандагони он 25 фоиз баланд карда шавад.                Қайд карда шуд, ки мутахассисони вазорат ин пешниҳодро омӯхта, дар ин хусус лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тайёр намуданд. Мувофиқи он нархи қувваи барқ дар саросари ҷумҳурӣ 25 фоиз баланд бардошта мешавад, гуфт А.Ашӯр.                Вай афзуд, ки баланд шудани нархи қувваи барқ ба дастури созмонҳои байналхалқии молиявӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналхалқии асъор вобаста мебошад. Онҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки нархи як киловатт соат қувваи барқро то соли 2010 тадриҷан ба 2,5 цент расонад. Яъне тибқи дастури ин созмонҳои байналхалқӣ нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон бояд ба нархи қувваи барқ дар мамлакатҳори дигари Осиёи Марказӣ ва ИДМ баробар карда шавад.               Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 июл таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар бораи баланд бардоштани нархи қувваи барқ аз 1 августи соли 2009 қарор қабул карда шуд.                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 27, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд