НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Бишкек, 27 июл. (АМИТ «Ховар» — Интерфакс. Ру. ). — Тавре хабар дода шуда буд, дар Қирғизистон интихоботи президенти мамлакат баргузор гардид ва дар натиҷаи он президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев ғалаба ба даст овард. Хабар дода мешавад, ки зиёда аз 86,33 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Қ.Боқиев овоз доданд.Рақибони Қурмонбек Боқиев миқдори ниҳоят ками овозҳоро ба даст оварданд. Аз ҷумла, ба тарафдории номзади ягонаи мухолифин Алмосбек Отамбоев 7,39 фоиз, ба тарафдории Темур Сориев 2,3 фоиз, ба тарафдории Жанишбек Назаралиев 0,49 фоиз, ба тарафдории Тӯхтаойим Умедалиева 0,38 фоиз ва ба тарафдории Нурлан Мотуев ҳамагӣ 0,31 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Бояд гуфт, ки ҳамаи рақибони президенти амалкунандаи Қирғизистон натиҷаҳои интихоботро ғайриқонунӣ ва нодуруст мешуморанд. Онҳо даъво доранд, ки зимни ҳисоб кардани овозҳо, варақаҳои овоздиҳии номзадҳои дигар партофта, барои таъмини ғалабаи Қ.Боқиев варақаҳои нави овоздиҳӣ илова шудаанд, инчунин ба қонуншиканиҳои дигар роҳ дода шудааст. Вакили дифои А.Отамбоев рӯзи ҷумъа 25 кассетаи видео ва 4 диски компютерро ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод намуд, ки дар бораи қонуншиканиҳо ва хилофкориҳо дар ҷараёни интихобот нақл мекунанд. Комиссияи марказии интихобот ҳамаи онҳоро барои тафтиш ба прокуратураи генералӣ супорид. Тӯхтаойим Умедалиева низ натиҷаҳои интихоботро ғайриқонунӣ мешуморад. Вай изҳор намуд, ки мақомоти маҳаллӣ дар бисёр қитъаҳои овоздиҳӣ қисми зиёди варақаҳои овоздиҳии интихобкунандагонро, ки ба тарафдории номзадҳои дигар дода шуда буданд, партофтанд. Созмони ғайриҳукуматии «Иттифоқи созмонҳои шаҳрвандии Қирғизистон, низ изҳор намуд, ки дар ҷараёни интхобот ба хилофкориҳо ва қонуншиканиҳои зиёд роҳ дода шуд. Ақидаи нозирони байналхалқӣ низ дар бораи натиҷаҳои интихоботи президенти Қирғизистон аз ҳамдигар фарқи калон дорад. Роҳбари ҳайати намояндагони созмонҳои назораткунандаи мамлакатҳои Аврупо дар интихоботи президенти Қирғизистон Питер Навотни чунин мешуморад, ки дар ҷараёни интихобот меъёрҳои демократӣ умуман риоя нашуданд. Дар натиҷа зимни овоздиҳӣ ва шуморидани овози интихобкунандагон танҳо манфиати яке аз номзадҳо ба назар гирифта шуд. Вале гурӯҳи нозирони мамлакатҳои ИДМ ба натиҷаҳои интихоботи президенти Қирғизистон баҳои мусбат медиҳанд. Мо дар ҷараёни интихобот ва ҷамъбасти натиҷаҳои он ягон камбудӣ, хилофкорӣ ва қонуншиканиро мушоҳида накардем, гуфт роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






