НИҲОЛИ ДӮСТӢ САРСАБЗ ХОҲАД ШУД
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боғи набототи шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб ба нишони таҳкиму тавсиаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории ҳар ду миллати бостонию соҳибфарҳанг якчанд навниҳоли дар Тоҷикистон парваришёфтаро шинонд. Дар ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистонро Раиси вилояти Синои Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳонӣ Муттавалӣ ва раиси шаҳри Шармушшайх Аҳмад Солеҳ ҳамроҳи намуданд. Мизбонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра ниҳолҳои дарахтони мисриро барои кӯчат кардан дар Тоҷикистон тӯҳфа карданд. Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони вилояти Синою шаҳри Шармушшайх ба ташкил ва густариши муносибатҳои дӯстонаю ҳамкории Тоҷикистону Миср ва тавсиаи равобити минтақаҳои гуногуни ҳар ду кишвар мароқ зоҳир намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Президенти ҷумҳурӣ А.Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






