НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР КУМИТАИ ОМОР

Июль 15, 2009 16:11

                  Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Дирӯз дар Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи фаъолияти Кумита ва муассисаҳои тобеи он нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси кумита Мерган Шабозов зикр намуд, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили мамлакат аз 20 сентябр то 1 октябри соли 2010 баргузор мегардад. Аз 1 ноябр натиҷаҳои барӯйхатгирӣ ҷамъбаст карда хоҳанд шуд. Тайёрӣ ба ин маъракаи муҳим хеле барвақт оғоз ёфта буд. Соли 2006 ба қарори Ҳукумати мамлакат дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ тағйирот ворид намуда, ба он барӯйхатгирии фонди манзил низ илова карда шуд. Соли равон барои иҷрои тадбирҳои тайёрӣ ба рӯйхатгирӣ аз ҳисоби буҷет 6,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Умуман барои гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ 40 миллион сомонӣ зарур аст, гуфт М.Шабозов.                 Қайд карда шуд, ки мардикорони тоҷик соли 2008 аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллари ИМА фиристода буданд. Вале имсол ин маблағ вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ чандин баробар кам шуд.                 М.Шабозов изҳор намуд, ки айни ҳол дар Русия то 450 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муваққатан кору зиндагӣ мекунад. Аз ин ҷумла, дар натиҷаи баста шудани бозори Черкизови шаҳри Маскав 23 ҳазор шаҳрванди тоҷик бекор монд. М.Шабозов хабар дод, ки 75 ҳазор мардикори тоҷик имрӯз шаҳрванди Русия гардидааст.

Июль 15, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд