НИЗОНИЁНИ БРИТАНИЯ ДАР АФГОНИСТОН ХАМАЧОНИБА ТАЪМИНАНД

Июль 13, 2009 10:41

                    Лондон, 13 июл. (АМИТ «Ховар»-Евронюс).- Вазири молияи Британияи Кабир Алистер Дарлинг дар ҷавоби танқиди фаъолияти ҳукумат дар бораи таъминоти моддию техникии қисмҳои ҳарбии мамлакат дар Афғонистон изҳор намуд, ки хизматчиёни ҳарбии британӣ дар ин мамлакат бо тамоми маводи зарурӣ таъминанд. Мухолифини ҳукумат изҳор намуданд, ки дар натиҷаи сиёсати нодурусти пешгирифтаи он теъдоди талафоти хизматчиёни ҳарбӣ дар ин мамлакат то рафт меафзояд. Вале сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун сиёсати стратегии ҳукуматро дуруст мешуморад. Ҳарифони ӯ даъво доранд, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар Афғонистон пурра таъмин карда намешаванд ва ҳатто талаб кардаанд, ки аз Афғонистон бароварда шаванд.                    Коршиноси Британия дар масъалаҳои Афғонистон Рори Стюарт ба хабарнигорон гуфт, ки аскарони амрикоӣ дар Афғонистон нисбат ба аскарони Британия 10 баробар бештар таъмин карда шудаанд. Амрико барои таъминоти низомиёнаш дар Афғонистон нисбат ба Британияи Кабир 20 баробар бештар маблағ сарф мекунад. Низомиёни амрикоӣ дорои нерӯи бузурги техникӣ мебошанд. Онҳо аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳо истифода мебаранд. Амрикоиён ба қарибӣ ба Афғонистон 4 ҳазор низомии десантӣ фуроварданд. Ҳол он ки Британия баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ягон мамлакат десант нафуровардааст.Президенти ИМА Барак Обама ба фаъолияти низомиёни британӣ дар Афғонистон баҳои баланд дод. Британияи Кабир ба муваффақияти амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон баробари ИМА манфиатдор мебошад, гуфт вай.                  Хабар дода мешавад, ки соли равон танҳо дар давоми моҳи июл дар Афғонистон 15 хизматчии ҳарбии Британия ҳалок шуд. Шумораи умумии қурбониёни ин мамлакат дар Афғонистон ба 184 нафар расид.

Июль 13, 2009 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд