НОМУВОФИҚИИ МАЪЛУМОТ МИЁНИ АГЕНТИИ ДАВЛАТИИ СУҒУРТА ВА КУМИТАИ АНДОЗ

Июль 2, 2009 10:09

                Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муқоисаи маълумотномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ тавссути ташкилоту муассисаҳо бо маълумотномаи мақомоти поёнии он нишон дод, ки маълумоти ба вазорат ва дигар мақомоти он пешниҳод шуда, асоси воқеӣ дошта, фарқияти малумот миёни зинаҳои гуногуни мақомоти мазкур мушоҳида намегардад.                Мутаассифона, номувофиқии маълумоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба маблағҳои хароҷотии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ тавассути ташкилоту муассисаҳо бо маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷой дорад,-иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».                Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тавассути ташкилоту муассисаҳо соли 2007 ба андозаи 48190,6 ҳазор сомонӣ ва соли 2008-ум 86847,8 ҳазор сомонӣ маблағҳои суғуртаи иҷтимои хароҷотт карда шудааст.                Аз ҷониби Кумитаи андоз оид ба масъалаи мазкур маълумоте ворид гардидааст, ки соли 2007 бо ин мақсад 54379,7 ҳазор сомонӣ ва соли 2008 бошад, 82058,5 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки фарқият байни он хеле калон аст.

Июль 2, 2009 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд