ОҚИЛ ОҚИЛОВ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА
Қӯрғонтеппа, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — 16 июл дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа машварати фаъолони вилоят баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009 таҳлил ва ҷамъбаст гардида, нақшаҳои оянда муайян карда шуданд. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов маърӯза кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машварати мазкур Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон барои рушди босуръати иқтисодиёт ва афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти саноат тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Сарвазир ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дод, ки аз ҳар қитъа замин ва захираҳои об оқилонаю самарабахш истифода баранд. Дар машварат инчунин вазъияти соҳаҳои дигар таҳлил ва камбудию норасоиҳо ошкор карда шуданд. Барои ҳар чӣ зудтар бартараф сохтани онҳо тавсияҳои дахлдор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






