ОДАМОН БО КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД

Июль 3, 2009 08:59

                      Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар доираи Барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар давоми 6 моҳи соли равон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 84 ҳазору 460 ҷойи нави кор ташкил карда шуд.                     Дар давоми соли 2009 150 ҳазору 128 нафар бояд бо кор таъмин карда шавад. Сардори шӯъбаи таҳлил ва омӯзиши вазъияти бозори меҳнат, шуғл ва шароити зиндагии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Музаффаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки чунин дастовардҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи ҷидду ҷаҳди худи аҳолии мамлакат мебошад. Бекорон дар ин муддат дар ярмаркаҳои ҷойи кору вазифаҳои холӣ фаъолона ширкат варзиданд.                      Дар нимаи аввали сол дар ҷумҳурӣ 385 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид, ки дар он 5 ҳазору 289 корхона 96 ҳазору 932 ҷойи кори холиро ба бекорон пешниҳод намуданд. Бекороне, ки ихтисос надоранд ё талабот ба ихтисоси онҳо нисбатан кам аст барои омӯхтани касбҳои нав ба Маркази миллии омӯзишӣ барои калонсолон фиристода шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 марказ ва дар шаҳри Душанбе 4 маркази таълимӣ фаъолият доранд.                     Роҳхати таҳсилро дар ин курсҳо дар Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати маҳали зист гирифтан мумкин аст. Х. Музаффаров қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва таъмини мутахассисон бо ҷойҳои кор гузаронида мешавад. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар мамлакат зиёда аз 440 ҳазор нафар дар муассисаҳои шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Июль 3, 2009 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад