ОДАМОН ТО КАЙ АЗ ТАРКИШИ МИНА ҲАЛОК МЕШАВАНД?

Июль 11, 2009 10:22

               Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- Мӯҳлати безарар гардондани миназорҳо дар Тоҷикистон соли 2010 ба охир мерасад. Вале дар қаламрави мамлакати мо то ҳол 15 миллион метри мураббаъ миназор ҳанӯз аз мина тоза карда нашудааст. Имрӯз ҳаминаш маълум аст, ки ин қадар масоҳати калонро дар давоми як соли боқимонда аз мина ва маводи дигари тарканда тоза кардан имконнопазир мебошад.  Сабабҳои ин пеш аз ҳама хеле дер ср шудани маъракаи безарар гардондани минаҳо, нарасидани маблағ кам будани теъдоди мутахассисон ва минакобон, набудани воситаҳои механикии безарар гардондани минаҳо ва ғайра мебошанд. Барои пурра безарар гардондани минаҳо ва моддаҳои дигари тарканда дар қаламрави Тоҷикистон қариб 10 соли дигар зарур аст. Бинобар ин Ҳукумати Тоҷикистон дархост пешниҳод намуд, ки мӯҳлати безарар гардондани минаҳо дар қаламрави мамлакат дароз карда шавад. Ин масъала дар конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Ба минтақаи аз мина озод табдил додани Осиёи Марказӣ» мавриди муҳокима қарор дода шуд, ки 7-8 июл баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони расмии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, намояндагони мамлакатҳои мададрасон, созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Кумитаи байналмилалии салиби сурх, намояндагиҳои дипломатии мамлакатҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ширкат варзиданд. Моҳҳои ноябру декабри соли равон дар шаҳри Картахени Колумбия конфронси дуюми бахшида ба манъи минаҳои зидди пиёдагардон баргузор мегардад. Дар ҳамин конфронс дархости Тоҷикистон дар бораи дароз кардани мӯҳлати безарар гардондани минаҳо муҳокима карда хоҳад шуд.                      Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки маъракаи безарар гардондани минаҳо дар Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз ёфт ва то имрӯз давом дорад. Дар оғози маърака бештар аз 900 маҳалли аҳолинишин таҳқиқ намуда, қариб 500 қитъаи калони миназор муайян карда шуд. То имрӯз дар масоҳати зиёда аз 2 миллиону 700 ҳазор километри мураббаъ минаҳо тоза карда, безарар гардонда, дар қитъаҳои хавфнок зиёда аз 4 ҳазор аломати огоҳкунанда аз хатар насб карда шуд.                    Мувофиқи маълумоти маркази безарар гардондани минахо дар Тоҷикистон, тӯли соли равон 7 шаҳрванди ҷумҳурӣ бар асари таркиши мина осеб дид. Аз ин ҷумла 2 нафар ҳалок ва 5 нафар маҷрӯҳ шуд. Баъди соли 1992 дар натиҷаи таркиши мина дар минтақаи сарҳад 352 нафар ҳалок гардид ва 449 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Бори охир соати 19 дар наздикии чарогоҳи тобистонаи Лабдури деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакент дар минтақаи сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон садои таркиши мина баланд шуд. Дар ин ҷо бар асари таркиши минаи зидди пиёдагардон сокини ҳамин деҳа Мӯҳсин Мирзоеви 33 -сола ҳалок гардид. Хабар дода мешавад, ки М. Мирзоев дар ҷустуҷӯи аспи худ аз минтақаи чарогоҳ гузашта, ба мина бархӯрдааст. Бояд гуфт, ки дар ин ҷойҳо ягон аломати огоҳкунанда аз хатари мина вуҷуд надорад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки одамони бегуноҳ то кай аз таркиши мина ҳалок мегарданд?                                                                                                        Тарҷумон Қудратов А.  

Июль 11, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд