ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ САРМЕЪМОРИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО

Июль 14, 2009 13:45

                    Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). -Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фаъолияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ хеле беҳтар гардид. Чунончи, дар 6 моҳи соли ҷорӣ инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 1 миллиарду 123 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 51 миллиону 534 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе доир ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввал баргузор гардид, хабар дод. Ҳамчунин, ӯ қайд намуд, ки муассисаҳои сохтмонии ҷумҳурӣ дар ин муддат ба маблағи 611 миллиону 515 ҳазор сомонӣ корро иҷро карданд. Дар моҳҳои январ-июн дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 274167 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ҳамин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 6029 талаба ва дармонгоҳ барои 375 ҷойи қабул ба истифода дода шуд. Зикр шуд, ки айни замон 19 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда кор карда истодаанд. Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат, ноҳияҳои Балҷувон, Ҳисор, Дарбанд ва Шаҳринав пурра таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуданд.                   Инчунин, таҳияи Нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонида шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.                   А. Комилов афзуд, ки тибқи иҷрои моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» барои ба вазифа таъин намудани сармеъморони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар натиҷаи озмун 24 нафар ба мансаби роҳбари муассисаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин карда шуд. Ҳуҷҷатҳои нафарони дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.                  Директори агентӣ изҳори умед намуд, ки рӯзҳои наздик шумораи аввали «Рӯзномаи бинокорон», ҳамчун нашрияи давлатӣ аз чоп мебарояд. Ин рӯзнома аз соли 2007 ҳамчун рӯзномаи хусусӣ фаъолият дошт ва бо сабаби набудани маблағ чоп намешуд. Дар охир А. Комилов ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас дод.  

Июль 14, 2009 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд