ПОЁНРАВИИ ҚУРБИ РУБЛИ РУСӢ БА БОЛОРАВИИ ҚУРБИ ДОЛЛАР ТАЪСИР КАРД

Июль 16, 2009 14:46

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — «Боло рафтани қурби доллари ИМА дар охири ҳафтаи гузашта аз сабаби поён рафтани қурби рубли русӣ ба амал омад. Чун ки, дар шимоли кишвар бештари тиҷорат бо рубли русӣ сурат мегирад ва мардум аз поёнравии рубли русӣ дар ҳарос шуда, ба харидани доллар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 16 июл, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки сабаби якбора боло рафтани қурби асъори хориҷӣ, бахусус доллари ИМА дар аввали соли ҷорӣ ин қариб се маротиба зиёд шудани ҳаҷми воридот нисбат ба содирот мебошад. Имрӯз, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми воридоту содирот қариб баробар шуда истодааст ва аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда устувории қурби пули миллиро БМТ таъмин мекунад. Мавриди зикр аст, ки болоравии қурби асъори хориҷӣ дар давоми шаш моҳи соли равон 27,3 фоизро ташкил дод, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 0,98 фоиз буд. Содирот дар ин давра 411,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 фоиз кам аст. Воридот низ дар давраи ҳисоботӣ 21,6 фоиз кам шуда, 1 204,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1 615,8 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки нисбати шашмоҳаи аввали соли 2008-ум 30,6 фоиз кам мебошад.  

Июль 16, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд