ПРОБЛЕМАҲОИ МУҲОҶИРАТРО ТАНҲО ЯКҶОЯ ҲАЛ КАРДАН МУМКИН АСТ

Июль 16, 2009 15:29

                Маскав, 16  июл. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима Хушқадамова). — Муовини  раиси  Кумитаи  иҷроия — Котиби иҷроияи  ИДМ Тӯхтасун  Бузубоев  14  июл  баъди  мулоқоташ бо  директори  генералии  Созмони байналхалқии  муҳоҷират Вилям  Лейси  Свинг ба  хабарнигорон  гуфт, ки  ягон  мамлакати  аъзои  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  проблемаҳои  муҳоҷиратро танҳо  бо  қувваю  маблағи  худ  ҳал  карда  наметавонад. Ҷиҳатҳои  манфии  ин  зуҳуротро  танҳо  якҷоя  бартараф  кардан  мумкин аст. Т.Бузубоев бо директори генералии  Созмони  байналхалқии  муҳоҷират  дар  Минск  мулоқот  кард.           Дар  ҷараёни  сӯҳбат  роҷеъ  ба ҳамкории  минбаъдаи  ҳар   ду  созмон табодули  назар  карда  шуд. Барои  мамлакатҳои  ИДМ  омӯхтани  таҷрибаи   Созмони байналхалқии  муҳоҷират  дар  мубориза ба  муқобили   хариду  фурӯши  одамон  ва   истисмори онҳо аҳамияти  калон  дорад,  гуфт Т.Бузубоев.          В.Л.Свинг зикр  намуд, ки аз  сатҳи   ҳамкорӣ  бо  мамлакатҳои  ИДМ қаноатманд  аст. Вай натиҷаҳои  самарабахши   тадбирҳои  андешидаи  мамлакатҳои  ИДМ — ро  дар  мубориза ба  муқобили  муҳоҷирати  ғайриқонунӣ  муҳим  арзёбӣ  намуд.           Қайд  карда  шуд, ки дар  ҳамаи  давлатҳои  ИДМ   намояндагиҳои  созмон  фаъолият  доранд. 9  мамлакати ИДМ узви  созмон  мебошад. Идомаи  ҳамкорӣ  барои  ҳалли  проблемаҳои  мавҷуда ба  манфиати  ҳар  ду  ҷониб  аст,  гуфт  дар  хотима В.Л.Свинг. 

Июль 16, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд