РАССОМОНИ ТОҶИК БА ЧИН МЕРАВАНД
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) .- Аз 4 то 12 сентябри соли равон ба муносибати 60-солагии ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вилояти Ханҷоу Анҷумани рассомони чинӣ ва тадбирҳои дигари идона баргузор мегарданд. Рассомони тоҷик ба Анҷумани рассомони Чин даъват карда шудаанд. Инчунин дар тадбирҳои идона намояндагони ҳамаи мамлакатҳои аъзои СҲШ, Фаронса, Амрико, Ҳиндустон, Сингапур, Малайзия ва Индонезия иштирок менамоянд. Дар ин чорабиниҳо аз Тоҷикистон раиси Иттифоқи рассомони мамлакат Сӯҳроб Қурбонов ва муовини ӯ Юсуф Сангов ширкат хоҳанд варзид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






