РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚ БАЪД АЗ ЯК СОЛ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — «Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Ҳадафи тармими он тамоми фаслҳои сол таъмин намудани рафтуомади нақлиёт, рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли кишвар, ба кор даровардани туннелҳои Шаҳристон ва Истиқлол сохтмони галереяҳо, купрукҳо ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад», гуфт раиси «Маркази татбиқи барномаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ» Қодир Саидов дар нишасти матбуотие, ки дирӯз 24 июл дар Душанбе шуда гузашт. Ӯ зикр кард, ки «маблағи умумии лоиҳа 295,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 281,1 миллион доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Хитой, 14,8 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. То имрӯз 265,45 миллион доллари ИМА пардохт карда шудааст, ки 251,13 миллион доллари он қарзи Бонки содироту воридоти ҶМХ ва 14,43 миллион доллари он саҳми ҶТ мебошад». Тармими роҳ ба 3 давра ҷудо карда шудааст яъне давраи якум — таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, давраи дуюм- сохтмони нақбҳо ва давраи сеюм-сохтмони долонҳои зидди тарма, ки корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи марҳилаҳо яквақт пеш бурда мешавад, қайд кард Саидов Қ. «Дар ҳамаи қитъаҳои роҳ барои иҷрои корҳои таҷдидӣ аз ҷониби пудратчии асосӣ дар моҳи ҳисоботӣ 359 механизму таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар шудаанд, инчунин 1547 нафар мутахассисон ва коргарон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки аз онҳо 219 нафарашон шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошанд. Мӯҳлати анҷоми корҳои таҷдидӣ роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ моҳи июли соли 2010 ба анҷом мерасад», гуфт Саидов Қ. Барои бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Душанбе дар киллометри 42-юм ва аз ҷониби Хуҷанд аз ноҳияи Шаҳристон ҳаракати автомобилҳо аз соати 7:00 саҳар то 19:00 бегоҳ муваққатан манъ карда мешавад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






