САФАРИ ҲУНАРӢ БА ВМКБ

Июль 30, 2009 12:26

                      Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 10 август гурӯҳи ҳунарии театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ ба сафари ҳунарии 10 рӯза ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебарояд. Сафари ҳунарӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа, Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз баргузор мегардад. Директори театр Ибодулло Машрабов қайд намуд, ки гурӯҳи ҳунарӣ аз 12 ҳунарпеша иборат буда, онҳоро муовини директори театр Муртазо Нуруллоев роҳбарӣ мекунад. Ҳунармандони театр намоишномаи «Офати нафс», ки бо қалами А. Хоҷаев ва Н. Ҷаронӣ ба саҳна гузошта шудааст пешкаши тамошобинон менамоянд.                    Аз вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар миёнаи моҳи август гурӯҳи ҳунарии ансамбли рақсӣ ба сафари ҳунарӣ ба ВМКБ сафар мекунад.

Июль 30, 2009 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд