САФИ ДОНИШҶӮЁНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Таҳсил дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президентӣ, яке аз падидаҳои дурандешона ва оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини шаҳру ноҳияҳои кишвар бо кадрҳои баландихтисос мебошад. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Аз соли 1997 шурӯъ намуда, ДДТТ-ро 370 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда хатм намудаанд ва имрӯз 441 нафар донишҷӯён тибқи ҳамин квота дар донишгоҳ таҳсили худро идома дода истодаанд. Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2008-2009 барои ДДТТ 98 нафар довталаб пешниҳод шуда буд, ки ин шумора 97 нафари онҳо аз озмун гузашта, сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гардидаанд. Таҳлили чандсолаи натиҷаи имтиҳонҳо дар Донишгоҳ нишон медиҳад, ки баҳои миёнаи донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда нисбат ба дигар донишҷӯён хеле паст аст ва шумораи донишҷӯён, ки аз имтиҳонҳо баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, сол то сол зиёд шуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки яке аз сабабҳои асосии ин масъала заминаи сусти донишҳои мактабии ин категорияи донишҷӯён аст. Солҳои қаблӣ, азбаски чун анъана ба марҳилаи хотимавии озмун барои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ба 1 ҷой 3 нафар номзад пешниҳод мешуданд ва новобаста аз савияи дониши онҳо аз озмун гузаштани яке аз номзадон, ки аз дигарон каме дониши зиёд дошт, интихоб карда мешуд. Натиҷаи озмуни имсола барои қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ, ки барои довталабони Донишгоҳи тиббӣ аз рӯи системаи рейтингӣ баргузор гардид, нишон дод, ки сатҳи дониши аксарият довталабони пешноҳодшуда мувофиқи матлаб нест. Ин дар ҳолест, ки саволномаҳо барои довталабони тибқи квотаи Президентӣ аз ҷумлаи саволҳои соддатарини имтиҳони дохилшавӣ тартиб дода шудаанд. Дар баъзе ноҳияҳо то ду маротиба озмунҳо гузаронида шуд, аммо аксарияти довталабон аз озмун нагузаштанд ва аз 21 холи максималии муқарраргардида танҳо аз 1 то 10 холро соҳиб шудаанд. Бинобар иҷро нагаштани нақшаи қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ дар соли 2009-2010 дар макотиби олии кишвар дар санаи 14 июли соли ҷорӣ бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова бо ректорони донишгоҳҳои олӣ ва котибони масъули Комиссияҳои қабул мулоқот доир гашт, ки зимни ин мутасаддиёни Комиссияҳои қабул дастур гирифтанд, ки маротибаи дуюм ба шаҳру ноҳияҳо рафта, озмунҳои такрорӣ гузаронанд. Дар қатори дигар макотиби олӣ Донишгоҳи тиббӣ нақшаи қабулро иҷро накарда буд. Бо супориши Вазири маорифи ҶТ ва мувофиқи фармони ректори Донишгоҳ мутасаддиён барои интихоби довталабон фиристода шуданд. Натиҷаи қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ дар соли таҳсили 2009-2010 ин аст, ки аз 145 ҷой то имрӯз 104 нафар довталаб аз озмун гузаштаасту халос. Дар асоси қарор «Дар бораи бо тариқи квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи тиббӣ қабул намудани шаҳрвандон», барои пурра таъмин намудани нақшаи довталабон барои квота аз 22 ноҳияҳое, ки довталабони арзандаро пешниҳод карда натавонистанд комиссияи махсус аз ҳисоби довталабоне, ки аз ҳамин ноҳияҳо ба Донишгоҳ ҳуҷҷат супоридаанд, тариқи сӯҳбат духтарони дорои дониши хуб ва тариқи озмун писарони лаёқатмандро интихоб карда, иҷрои нақшаро то 30 июл таъмин менамоянд. Дар ин самт раёсати ДДТТ омода аст, ки дар қабули довталабони лаёқатманд, ки дар ҳақиқат сазовори квотаи Президентӣ ҳастанд, кӯмак намояд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






