ШӮРООБОД НОМИ ФАРЗАНДОНИ БАРӮМАНДИ ХУДРО ЭҲЁ МЕКУНАД
Шӯрообод ,15 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Сокинони ноҳияи Шӯрообод баҳри арч гузори ба таъриху фарҳанг, пос доштани хотираи неки фарзандони баруманди диёрашон, ки дар ободию шукуфоии кишвар сахм гузоштаанд кшиш менамоянд. Ба наздикӣ бо пешниҳоди сокинони деҳаи Боғи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ин деҳа ба номи яке аз фарзандони ин деҳа Ашӯр Мирзоев номгузорӣ шуд. Бояд қайд намуд, ки Ашӯр Мирзоев дар ободӣ, сохтмони роҳу кӯпрук ва биноҳои маъмурии ҷамоати деҳоти Саричашма саҳми босазо гузоштааст. Қобили қайд аст, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ А.Мирзоев барои хизматҳои шоиста бо якчанд мукофотҳои давлатӣ аз он ҷумла-«Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шоён» ва ғайра қадр карда шудааст. Сокинони ҷамоати деҳоти Саричашма ният доранд, ки ба дигар деҳаҳо низ тағйири ном намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






