ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ БЕТАРТИБИҲОИ ОММАВӢ ДАР УРУМЧӢ МЕАФЗОЯД

Июль 11, 2009 12:10

                     Пекин, 11 июл. (АМИТ «Ховар», РБК).- Мақомоти амниятии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Чин хабар доданд, ки дар давоми 5 рӯзи бетартибиҳои оммавӣ дар маркази ноҳия -шаҳри Урумчӣ 184 нафар ҳалок шуд. Аз рӯи хабарҳои расида дар ин ҷо қариб 1000 нафар маҷрӯҳ шудааст.                    Қисми зиёди ҳалоку маҷрӯҳшудагон намояндагони қабилаи хонҳои чинӣ мебошанд. Ҳукуматдорони Пекин намояндагони ҳамин қабиларо ба авҷ гирифтани муноқиша дар минтақа гунаҳкор менамояд.                     Тавре хабар дода шуда буд, бетартибиҳо ва ошӯбҳо дар шаҳри Урумчӣ 26 июн баъди ҳалокати 2 нафар уйғур дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар яке аз корхонахои вилояти Гуандун шурӯъ гардиданд. 7 июл дар шаҳри Урумчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда, теъдоди зиёди кормандони политсия ва низомиён ба ин минтақа фиристода шуданд. 10 июл мақомоти Чин аз хабарнигорони хориҷӣ талаб карданд, ки барои таъмини амнияташон шаҳри дигари калонтарини Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур-Қошғарро тарк намоянд.  

Июль 11, 2009 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд