СОКИНОНИ ҚАЗОҚИСТОН ВА ҶТ ФАЪОЛИЯТИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ХУДРО МАЪҚУЛ МЕШ

Июль 22, 2009 11:30

                    Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар» — Нюс.Ру. Ком.). — Директори генералии Маркази омӯзиши ақидаи аҳли ҷамъияти Русия Валерий Фёдоров зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон 85 фоизи пурсидашудагон фаъолияти президентҳои мамлакати худро маъқул мешуморанд. Ин дар байни мамлакатҳои ИДМ нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Дар Русия 73 фоиз, дар Қирғизистон 54 фоиз ва дар Арманистон 53 фоизи аҳолӣ фаъолияти роҳбарони давлату ҳукумати худро ҷонибдорӣ менамоянд.                    Пурсиши ақидаи аҳли ҷамъият дар ин мавзӯъ дар Русия ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар давоми моҳҳои апрелу майи соли 2009 гузаронида шуд.                   Шумораи тарафдорони президент дар Украина ниҳоят кам аст. Дар ин ҷо ҳамагӣ 7 фоизи пурсидашудагон сиёсати президент Виктор Юшенкоро ҷонибдорӣ намуданд. 78 фоизи онҳо изҳор карданд, ки президенти мамлакатро тарафдорӣ намекунанд.                    Директори генералии Маркази пурсиши ақидаи аҳли ҷамъияти Русия изҳор намуд, ки одамон ба ин савол асосан аз рӯи иттилооти воситаҳои ахбори оммавӣ ҷавоб доданд.

Июль 22, 2009 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд