СОЛИ ҶОРӢ БА 22 СУБЪЕКТ ИҶОЗАТНОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ТУРИСТӢ ДОДА ШУД
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давоми нимсола аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти туристии Кумита тибқи тартиби муқарраргардида ба 22 субъекти хоҷагидори кишвар иҷозатномаи фаъолияти туристӣ дода шуд, иттилоъ дод муовини раиси Кумитаи ҷавон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев. Дар маҷмӯъ шумораи умумии субъектҳои хоҷагидорӣ ба 123 адад расид. Ҳамзамон, бо сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ иҷозатномаҳои 21 субъекти хоҷагидори соҳа ба мӯҳлати се моҳ то бартараф гаштани камбудиҳои ҷойдошта боздошта шуд. Қобили қайд аст, ки бо дастгирии Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсола як қатор санадҳои меъёрӣ баҳри содда намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии соҳаи туризм қабул гаштанд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ сафари расмии муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамзамон Раиси Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳоҷиалӣ Акбарӣ ба Тоҷикистон сурат гирифт. Миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ба имзо расид, қайд кард Лочин Файзуллоев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






