ТӮҲФА БА ҶАШНИ ЗАБОН

Июль 13, 2009 14:16

                  Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Забони ман ҷаҳони ман», «Шаҳбози сухан», «Панҷ авранг» ва «Чаҳор гулзор» чунин ном доранд китобҳое, ки Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) онҳоро то ҷашни 20-солагии қабули Қонуни забон, ки 22 июл таҷлил мегардад, нашр менамояд.                  Раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ Усмон Назир зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар китобҳои мазкур сухан дар бораи покизагию ҳифзи забони давлатӣ ва рушди забони тоҷикӣ, инчунин, доир ба панду андарзҳои бузургони миллати тоҷик -Зардушт, Имоми Аъзам ва арҷгузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллатамон меравад.                   Бояд зикр кард, ки Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ ҳамчун созмони ҷамъиятии фарҳангӣ 20 сол аст, ки фаъолият менамояд. Он бо кӯшишҳои худогоҳонаи зиёиёни равшандил бо мақсади ҳифз ва густариши забони давлатӣ таъсис дода шудааст.

Июль 13, 2009 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад