ТӮҲФАИ «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН»

Июль 30, 2009 15:13

                     Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр).- Тавре хабар дода шуда буд 14 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боронҳои шадид ва омадани сел дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон 34 хонаи истиқоматӣ пурра хароб гардид. Аксарияти зарардидагон айни ҳол дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Баъди рух додани фалокат тамоми сокинони мамлакат ба зарардидагон дасти ёрӣ дароз карданд. Аз ҷумла кормандони ҶС «Бонки рушди Тоҷикистон» низ бетараф намонданд. Бонки мазкур барои сохтани 2 хонаи васеву барҳаво, барои сокинони деҳаи харобгардида 227 370 сомонӣ ҷудо кард. Ин хонаҳо дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди роҳбарияти бонк ва бинокорон дар муддати кӯтоҳ сохта шуданд.                    Ҳоло дар ин хонаҳо аҳли оилаи Ҷаннатова Сабзагул ва Расулова Валентина Ивановна зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз роҳбарияти Бонки рушди Тоҷикистон сипосгузоранд. Роҳбарияти бонк хонаҳои навсохтаро бо асбобу анҷоми зарурӣ, аз ҷумла телевизор, яхдон ва ғайра таъмин намуд.                                                                                            Тарҷумаи Зебо Иноятова  

Июль 30, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд