ТАҒЙИРОТИ КУЛЛӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРКАШ

Июль 28, 2009 10:27

                   Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз 30 июли соли равон ба ҳаракати нақлиёти мусофиркаше, ки аз чор самт вориди шаҳри Душанбе мегарданд, тағйирот дароварда мешавад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев қарор имзо намуд. Дар асоси ин қарор минбаъд нақлиёти мусофиркаше, ки аз ҷониби ноҳияи Ваҳдат тавассути дарвозаи шарқӣ ба пойтахт ворид мегарданд, таваққуфгоҳашон маҳаллаи «Обшорон» муайян гардида, дар хатсайри №18 (бозори Шоҳмансур- маҳаллаи Обшорон) микроавтобусҳои тамғаи «Газел» ба автобусҳои миёнаҳаҷм ва хурдҳаҷм иваз карда шуданд.                   Нақлиёти мусофиркаше, ки аз ҷониби ноҳияҳои Ёвон, Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон то назди кӯпруки колхози Россия-кӯчаи А. Қаҳҳоров ба пойтахт ворид мешаванд, истгоҳашон таваққуфгоҳи автомобилии Ҷамъяити саҳҳомии пӯшидаи «Терминал» (воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров-504) муайян гардид.                   Нақлиёти мусофиркаше, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон, тавассути дарвозаи ҷанубӣ ба пойтахт ворид мегарданд, таваққуфгоҳашон дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чимтеппа -роҳсоз» роҳи автомобилгарди Душанбе — Қурғонтеппа то дидбонгоҳи БДА ВКД муайян шудааст.                   Инчунин, нақлиёти мусофиркаше, ки аз ҷониби ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода аз ҷониби дарвозаи ғарбӣ вориди Душанбе мегарданд, маҳалли ҷойгиршавии онҳо ҶММ «Автовокзали Душанбе» муайян гардид.                   Ҳамзамон, нуқтаи охири хатсайри №84 «Душанбе-Ҳисор» ва №13 «Мактаби №61-маҳаллаи Дилшод» ба ҳудуди Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Маркази савдои Балх» воқеъ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҳисор кӯчонида шуда, аз ҳисоби автобусҳои миёнаҳаҷм хатсайри мусофиркашонии №11 «Академияи улум-маҳаллаи Дилшод» аз нав барқарор карда мешавад.                   Дар ин хусус аз ҳадамоти матуботии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Июль 28, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид