ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН

Июль 2, 2009 15:51

              Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз соли 2004 инҷониб ҳар сол 8 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Аз Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи маъюбони Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамасола дар Рӯзи маъюбон ва пиронсолон бо ибтикори ин ташкилот чорабиниҳои идона бо иштироки маъюбони шаҳри Душанбе ва намояндагони ташкилотҳои минтақавии Иттиҳодия баргузор мегардад.              Мувофиқи нақша 8 июл ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки маъюбон дар толори Маркази фарҳангии ҷaвонон «Ориёно» баргузор мегардад.              Дар фарҷоми ин ҷаласа чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳаваскорони маъюб дар назар дошта шудааст. Ҳадафи аслии баргузории ин чорабиниҳо исбот кардани он, ки маъюбон низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа мебошанд.

Июль 2, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд