ТАЙЁРӢ БА 100-СОЛАГИИ М. ТУРСУНЗОДА

Июль 27, 2009 14:40

                Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соли 2011 дар Тоҷикистон 100- солагии шоири машҳур, арбоби барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангии даврони шӯравӣ, шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода нақшаи махсуси тайёрӣ ба ин санаи муҳим тартиб дода шуда, таҳти роҳбарии ректори донишкада Аслиддин Низомов амалӣ карда мешавад.                А. Низомов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бахшида ба ин ҷашн барномаи махсус таҳия намуда, дар доираи он консертҳо, шабнишиниҳо, мулоқоту сӯҳбатҳо, маҳфилҳои турсунзодахонӣ ва намоишгоҳи китобӣ ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин аз тарафи донишҷӯён таҳия намудани як намоишнома дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоир дар назар аст.  

Июль 27, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд