ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Июль 29, 2009 15:54

                      Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай баъди чошти имрӯз барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқил пешвоз гирифт.                     Тибқи нақшаи сафар, Президенти Афғонистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқоти онҳо силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо карда мешаванд.                      Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбари давлати Афғонистон дар мулоқотҳои дуҷонибаю сеҷониба ва чорҷониба бо иштироки сарони давлатҳои Покистону Русия ва Тоҷикистон ширкат хоҳад варзид.                      Хабар дода мешавад, ки Ҳамид Карзай дар ҷараёни сафараш дар маросими гузоштани хишти аввали бинои сафоратхонаи Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон иштирок менамояд.                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 29, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд