ТЕЪДОДИ БОЗОРҲОИ ХУСУСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

Июль 18, 2009 11:51

                  Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар семоҳаи сеюми соли равон дар бозорҳои калонтарини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ — бозорҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ҳисор, Турсунзода ва Исфараю Истаравшан озмоишгоҳҳои наву замонавӣ насб мегарданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Назрулло Шарифов иттилоъ дод.                  Таҷҳизоти озмоишгоҳҳо истеҳсоли кишварҳои мутамаддини ҷаҳон ба мисли Русия, Олмон ва Чин буда, ба ҷумҳурӣ аз ҷониби «Тоҷикстандарт» ворид карда шудааст. Бо насби озмоишгоҳҳои замонавӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда, имкон фароҳам меояд, ки сифати моли ба бозор ворид гардида, ҳаматарафа ташхис карда шуда, таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ таъмин карда шавад.                  Назрулло Шарифов афзуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2009 дар ҷумҳурӣ наздики 300 бозор ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 116 ададаш дар тобеияти Раёсати «Тоҷикматлубот», 11 бозор ба тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ қарор дошта, 170 бозор дар кишварамон хусусӣ мебошад.

Июль 18, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд