«ТОҶИКАЗОТ» КОР НАМЕКУНАД
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Амонулло Ашӯр дирӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар саросари мамлакат бо сабабҳои гуногун 33,3 фоизи корхонаҳои саноатӣ кор накард. Яке аз онҳо Ҷамъияти саҳҳомии корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр «Тоҷиказот» (собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш) мебошад. Қайд карда шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли 180 ҳазор тонна нурии маъдании карбамид бояд ҳар соат 23 ҳазор метри мукааб газро сарф кунад. Корхона то рӯзи аз кор монданаш ҳар соат 16,5 ҳазор метри мукааб гази табииро истифода мебурд.Ба маъмурияти он пешниҳод карда шуд, ки бо ҷониби Ӯзбекистон дар бораи додани гази табиӣ гуфтушунид кунад, интиқоли газро ширкати «Тоҷиктрансгаз» ба зиммаи худ гирифт. «Тоҷиказот» дар мамлакат ягона корхонаи саноатӣ мебошад, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ нуриҳои маъданӣ, аз ҷумла карбамид, аммиаки синтетикӣ, кислороди техникӣ, дуокиси карбогидрати моеъ ва сахт, аммиаки моеъ ва азоти моеъ истеҳсол мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки корхонаи мазкур соли 1964 сохта шуда буд. Маҳсулоти он солҳои ҳокимияти шӯравӣ ба бисёр ҷумҳуриҳои ҳамсоя, иттифоқ ва хориҷа фиристода мешуд. Соли 2002 онро ба корхонаи муштарак табдил доданд. Айни ҳол 80 фоизи саҳмияҳои он ба ширкати «Хайрок Холдинг Лимитед» — и Ҷумҳурии Кипр ва 20 фоизи саҳмияҳояш ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Таҷҳизоти корхона сохти Федератсияи Русия мебошад.