ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН ДАР РОҲИ ТАВСИАИ РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон «Дар бораи сарфи назар кардан аз андозбандии дукарата» минбаъд дар рӯзномаҳои Ҳиндустон нашр мегардад. Созишномаи мазкурро муовини вазири молияи Тоҷикистон ва раиси раёсати марказии андозҳои мустақили Ҳиндустон дар ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон, ки моҳи ноябри соли 2008 дар Деҳлӣ баргузор гардида буд, ба имзо расониданд. Созишномаи мазкур 10 апрели соли 2009 эътибори қонунӣ пайдо кард. Созишнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати даромаде татбиқ карда мешавад, ки дар ҳар соли молиявӣ ё баъди рӯзи аввали моҳи январи соли 2010 ба даст омадааст. Дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Созишнома нисбати даромадҳое татбиқ карда мешавад, ки дар ҳар соли молиявӣ ё баъди рӯзи аввали моҳи апрели соли 2010 ба даст оварда шудааст. Бояд гуфт, ки соли молиявӣ дар Ҳиндустон аз 1 апрел то 30 март давом мекунад. Соли молиявӣ дар Тоҷикистон бошад аз 1 январ то 31 декабр муқаррар карда шудааст. Созишномаи мазкур якҷоя бо Созишномаи дуҷониба дар бораи ҳифзи сармоя ҳамкории ҳар ду кишварро аз нуқтаи назари қонун ба расмият дароварда, муносибатҳои иқтисодии онҳоро густариш хоҳад дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






