ТЎҲФАИ ШОҲДУХТАРИ ҚАТАР БА ОСОРХОНАИ БА НОМИ КАМОЛИДДИНИ БЕҲЗОД

Июль 1, 2009 10:59

               Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод соҳиби техникаи нави сабти овоз гардид. Акнун тамошобинон имкон доранд, ки ҳангоми тамошои толорҳои он дар бораи экспонатҳои осорхона на танҳо бо кӯмаки роҳбаладҳо, балки инчунин ба воситаи асбобҳои сабти садо маълумот ба даст оранд.              Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шоҳдухтари давлати Қатар Миёса бинти Ҳамод бини Халифа Алтонӣ ба осорхонаи мазкур 100 дастгоҳи аудиоплеер тӯҳфа кард. Дар онҳо роҷеъ ба экпонатҳои муҳимтарин ва пурарзиши осорхона маълумоти ҳамаҷониба сабт карда шуд. Асбобҳо ба тамошобинон дар бораи экпонатҳо ба забонҳои тоҷикию англисӣ маълумот медиҳанд.              Кӯмаки шоҳдухтари Қатар ба осорхона тавассути созмони хайрияи «Дасти кӯмак ба Осиё» расонда шуд. Хабар дода мешавад, ки шоҳдухтари Қатар соли 2007 зимни сафараш ба Тоҷикистон осорхонаи Беҳзодро тамошо карда, аз толорҳои он ба ваҷд омада буд. Вай ҳамон вақт изҳор карда буд, ки ба осорхонаи миллӣ кӯмак хоҳад расонд.              Кормандони ширкати «Аудио антена»-и Қатар ба кормандони осорхонаи Тоҷикистон роҳу усулҳои истифодаи асбобҳои навро омӯхтанд.  

Июль 1, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд