ТЎҲФАИ ШОҲДУХТАРИ ҚАТАР БА ОСОРХОНАИ БА НОМИ КАМОЛИДДИНИ БЕҲЗОД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод соҳиби техникаи нави сабти овоз гардид. Акнун тамошобинон имкон доранд, ки ҳангоми тамошои толорҳои он дар бораи экспонатҳои осорхона на танҳо бо кӯмаки роҳбаладҳо, балки инчунин ба воситаи асбобҳои сабти садо маълумот ба даст оранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шоҳдухтари давлати Қатар Миёса бинти Ҳамод бини Халифа Алтонӣ ба осорхонаи мазкур 100 дастгоҳи аудиоплеер тӯҳфа кард. Дар онҳо роҷеъ ба экпонатҳои муҳимтарин ва пурарзиши осорхона маълумоти ҳамаҷониба сабт карда шуд. Асбобҳо ба тамошобинон дар бораи экпонатҳо ба забонҳои тоҷикию англисӣ маълумот медиҳанд. Кӯмаки шоҳдухтари Қатар ба осорхона тавассути созмони хайрияи «Дасти кӯмак ба Осиё» расонда шуд. Хабар дода мешавад, ки шоҳдухтари Қатар соли 2007 зимни сафараш ба Тоҷикистон осорхонаи Беҳзодро тамошо карда, аз толорҳои он ба ваҷд омада буд. Вай ҳамон вақт изҳор карда буд, ки ба осорхонаи миллӣ кӯмак хоҳад расонд. Кормандони ширкати «Аудио антена»-и Қатар ба кормандони осорхонаи Тоҷикистон роҳу усулҳои истифодаи асбобҳои навро омӯхтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






