ВАЛДИС ЗАТЛЕРС: «ЛАТВИЯ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОД ХОҲАД БУД»
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Фарангис Раҳимова). — Шоми 13 июли соли ҷорӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии президентии «Варзоб» форуми соҳибкорони Тоҷикистону Латвия, ки 11 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Латвия Валдис Затлерс дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, бо иштирок ва суханронии Президенти Латвия Валдис Затлерс ва Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба анҷом расид. Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс дар суханронии худ зикр намуд, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Латвия дорои имконоти назарраси ҳамкорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мутмаинам, ки намояндагони тиҷоратии ҳарду давлат аз ин имконот самаранок истифода мекунанд ва ҷиҳати сармоягузории муштарак соҳибкорони латвиягӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард. Имрӯз дар Латвия 13 корхонаи муштараки Тоҷикистону Латвия фаъолият карда, минбаъд дар заминаи санадҳои зимни ин сафар ба имзорасида шумори чунин корхонаҳо зиёд хоҳанд шуд. «Ҷумҳурии Латвия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо шарики тиҷоратӣ, балки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, тавассути транзити молу маҳсулот шарики боэътимоде хоҳад буд», — тазаккур дод Президенти Латвия. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва мухобирот ҷалб намуда, зикр кард, ки соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Латвия 29,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондод аз рӯи имконоти мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар, ҳоло ҳам нокофист. «Сафарҳои давлатии соли ҷории сарони давлатҳои Тоҷикистону Латвия ба кишварҳои ҳамдигар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии мамлакатҳоямон имкониятҳои навро фароҳам оварданд. Аз ин рӯ, мо ҳавасмандем, ки соҳибкорони Латвия ҳар чи бештар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд ва умедворам, ки ба ин ниятҳои неки ҳарду тараф созовор хоҳем шуд», — идома дод Сарвазири мамлакат О. Оқилов. Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Латвия Валдис Затлерс ба Тоҷикистон субҳи имрӯз ба анҷом расид.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






