ВАЛДИС ЗАТЛЕРС: «ЛАТВИЯ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОД ХОҲАД БУД»

Июль 14, 2009 11:57

                 Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Фарангис Раҳимова). — Шоми 13 июли соли ҷорӣ дар қароргоҳи беруназшаҳрии президентии «Варзоб» форуми соҳибкорони Тоҷикистону Латвия, ки 11 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Латвия Валдис Затлерс дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, бо иштирок ва суханронии Президенти Латвия Валдис Затлерс ва Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба анҷом расид.                 Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс дар суханронии худ зикр намуд, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Латвия дорои имконоти назарраси ҳамкорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мутмаинам, ки намояндагони тиҷоратии ҳарду давлат аз ин имконот самаранок истифода мекунанд ва ҷиҳати сармоягузории муштарак соҳибкорони латвиягӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард. Имрӯз дар Латвия 13 корхонаи муштараки Тоҷикистону Латвия фаъолият карда, минбаъд дар заминаи санадҳои зимни ин сафар ба имзорасида шумори чунин корхонаҳо зиёд хоҳанд шуд.                 «Ҷумҳурии Латвия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо шарики тиҷоратӣ, балки ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, тавассути транзити молу маҳсулот шарики боэътимоде хоҳад буд», — тазаккур дод Президенти Латвия.                Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва мухобирот ҷалб намуда, зикр кард, ки соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Латвия 29,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нишондод аз рӯи имконоти мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар, ҳоло ҳам нокофист.                «Сафарҳои давлатии соли ҷории сарони давлатҳои Тоҷикистону Латвия ба кишварҳои ҳамдигар барои рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии мамлакатҳоямон имкониятҳои навро фароҳам оварданд. Аз ин рӯ, мо ҳавасмандем, ки соҳибкорони Латвия ҳар чи бештар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд ва умедворам, ки ба ин ниятҳои неки ҳарду тараф созовор хоҳем шуд», — идома дод Сарвазири мамлакат О. Оқилов.                 Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Латвия Валдис Затлерс ба Тоҷикистон субҳи имрӯз ба анҷом расид.

Июль 14, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар