ВАО РӮЗНОМАҲОРО БО КАЛИМАҲОИ ҒАЙРИТОҶИКӢ ПУР КАРДААНД

Июль 15, 2009 11:02

             Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба ифтихори 20-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» 14 июл дар Китобхонаи миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Забон- шиносномаи миллат» баргузор гардид.            Дар он олимон, забоншиносон ва рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар атрофи вазъи кунунии забони тоҷикӣ, ҷараёни иҷрои қонуни забон, зарурати қабули қонуни нав ва ғанитар гардонидани забони тоҷикӣ андешаҳои худро иброз намуданд.             Рӯзноманигорон Ҳотами Ҳомид ва Мухбирҷон Кенҷаев дар мавзӯи «Инъикоси масоили забон ва забоншиносӣ дар нашрияҳои даврӣ» сухан ронда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯз намояндагони ВАО даврӣ бо истифода аз калимаҳои ғайритоҷикӣ саҳифаҳои рӯзномаҳоро пур кардаанд.             Онҳо калимаҳоро донистаю надониста, бемаврид истифода мекунанд. Мутаассифона, баъзе олимону академикҳо низ дар нутқи шифоҳӣ ва асарҳояшон ба ин хатогиҳо роҳ медиҳанд. Ҳ. Ҳомид ҳамчунин зикр намуд, ки дар давоми 20 сол аксарияти талаботи Қонуни забони тоҷикӣ иҷро нагардиданд. Масалан, коргузории аксарияти корхонаҳо то ҳол бо забони русӣ сурат мегирад. Ӯ пешниҳод намуд, ки дар татбиқи Қонуни забон як навъ назорат ба роҳ монда шавад.            Дар доираи конфронс намоиши калони китоб таҳти унвони «Забон — ҳастии миллат» баргузор гардид, ки дар он беш аз 200 китобу маҷалла доир ба забони тоҷикӣ намоиш дода шуд.

Июль 15, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад