ВАЗЪИЯТИ НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОНУ УЙҒУР МУТАШАННИҶ АСТ

Июль 14, 2009 12:01

               Пекин, 14 июл. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Вазъияти Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мисли пештара муташанниҷ боқӣ мемонад. Рӯзи гузашта дар шаҳри Урумчи дар натиҷаи бетартибиҳои оммавӣ 2 нафар ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ гардид. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ин ҷо се нафар уйғури бо корду калтак мусаллаҳ ба як нафари дигар ҳамла оварданд. Кормандони политсия муноқишакунандагонро аз ҳамдигар халос карданӣ шуда, аввал оташи огоҳкунанда кушоданд. Баъди ба инобат нагирифтани огоҳии кормандони политсия, ба сӯи муноқишакунандагон оташ кушода шуд.                Тавре хабар дода шуда буд, бетартибиҳои оммавӣ дар Урумчи 5 июл оғоз ёфта буданд. Ҳафтаи гузашта дар ин ҷо дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона 184 нафар ҳалок шуд ва бештар аз 1600 нафар маҷрӯҳ гардид. Вазъияти Урумчи баъди ба ин ҷо сафарбар намудани қувваҳои иловагии политсия ва низомиён нисбатан мӯътадил гардид. Кормандони политсия ҳуҷҷатҳои одамонро дар кӯчаҳо тафтиш мекунанд.                Ба сокинони маҳаллӣ бо худ гирифта гаштан ё дар мошинҳо пинҳон кардани аслиҳа, аз ҷумла, корд ва калтак манъ карда шудааст.                                                                                                         Тарҷумон — Қудратов А.  

Июль 14, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд