ВАЗЪИЯТИ НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОНУ УЙҒУР МУТАШАННИҶ АСТ
Пекин, 14 июл. (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Вазъияти Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мисли пештара муташанниҷ боқӣ мемонад. Рӯзи гузашта дар шаҳри Урумчи дар натиҷаи бетартибиҳои оммавӣ 2 нафар ҳалок ва як нафар маҷрӯҳ гардид. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ин ҷо се нафар уйғури бо корду калтак мусаллаҳ ба як нафари дигар ҳамла оварданд. Кормандони политсия муноқишакунандагонро аз ҳамдигар халос карданӣ шуда, аввал оташи огоҳкунанда кушоданд. Баъди ба инобат нагирифтани огоҳии кормандони политсия, ба сӯи муноқишакунандагон оташ кушода шуд. Тавре хабар дода шуда буд, бетартибиҳои оммавӣ дар Урумчи 5 июл оғоз ёфта буданд. Ҳафтаи гузашта дар ин ҷо дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона 184 нафар ҳалок шуд ва бештар аз 1600 нафар маҷрӯҳ гардид. Вазъияти Урумчи баъди ба ин ҷо сафарбар намудани қувваҳои иловагии политсия ва низомиён нисбатан мӯътадил гардид. Кормандони политсия ҳуҷҷатҳои одамонро дар кӯчаҳо тафтиш мекунанд. Ба сокинони маҳаллӣ бо худ гирифта гаштан ё дар мошинҳо пинҳон кардани аслиҳа, аз ҷумла, корд ва калтак манъ карда шудааст. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






