ВАЗОРАТ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТРО БО ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ТАЪМИН МЕКУНАД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат соли ҷорӣ ба маблағи 5 мил. 142,4 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карда шуд, — иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров. Ӯ қайд намуд, ки барои истифодаи қувваи барқ 1 мил. 735,3 ҳазор сомонӣ ва истифодаи гази табиӣ 3 мил. 321,7 ҳазор сомонӣ, инчунин барои хариди лавозимоти коргузорӣ 1 мил. 695 ҳазор сомонӣ, маоши котибони озоди комиссияҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 271,2 ҳазор сомонӣ ва хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» 41,3 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Қобили зикр аст, ки баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» барои таъмин намудани 241 ҳазор нафар оилаи камбизоат бо лампаҳои каммасрафи барқӣ бо намояндагони ширкати «Ange Lighting»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати харидории 1 миллиону 900 ҳазор лампаи каммасрафи барқӣ шартнома баста шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






