ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ САРПАРАСТ НАДОРАНД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Бадахшон сарзамини ёдгориҳои таърихист. Танҳо дар ноҳияи Роштқалъа беш аз 50 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд, ки бисёри онҳо дижҳои хеле кӯҳнаанд. Дижҳои Қаҳ-қаҳа, Ямчуни ноҳияи Ишкошим ва Рошқалъа таърихи ҳазорсолаҳо доранд. Тибқи маълумоти Ал- Берунӣ дижи Роштқалъа то қарни 11 пойтахти кишвари Шуғнон будааст. Вазъи аксарияти ин ёдгориҳо хароб аст. Бо иттилои садри Раёсати фарҳанги вилоят Муҳиддин Пайшанбиев сабаби асосии харобии ёдгориҳои таърихӣ дар он аст, ки раёсат ҳатто штати коршиноси ҳифзи ёдгориҳои таърхӣ надорад, то ин корро пайваста назорат кунаду ба хотири беҳбудии он чораҳои мушаххас андешад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






