ҚАБУЛИ ҚОНУНҲОИ НАВ
Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил", «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷорӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






