ҚАРЗДИҲИИ ХУРД ВА КОҲИШИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

Август 28, 2009 10:38

                 Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- — Бо мусоидати Дафтари минтақавии Барномаи Рушди СММ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон 3 фонди қарздиҳии хурд таъсис дода шудааст, — гуфт сарвари Дафтари минтакавии Барномаи Рушди СММ дар ноҳияи Шаҳритус Фазлиддин Самандаров.                  Калонтарин фонди қарзӣ «Вахшмикрофин» аст, ки маркази он дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир аст.                   Ба қавли масъулини фонди мазкур, он аз 18 нуқтаи хизматрасонӣ иборат аст. Ин нуқтаҳои хизматрасонӣ дар навоҳии Қубодиён, Ҷиликӯл, Шаҳритус, Носири Хисрав, Бохтар, Вахш, Қумсангир, Панҷ ва шаҳри Сарбанд ҷойгир шудаанд, ки мардум аз хизмати ин нуқтаҳои фонди мазкур истифода мебаранд.                  Ҳоло шумораи мизоҷони ин фонд беш аз 1700 нафарро ташкил медиҳад. Андозаи миёнаи қарзи молиявии он 1400 сомонӣ мебошад. Фоизи солонаи он бошад аз 1,5 то 3 фоизро дар бар гирифта, маблағи умумии гардиши он дар ҳудуди 2 млн. сомонӣ мебошад.  

Август 28, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид