ҚОЧОҚЧИЁН БА МАҚСАД НАРАСИДАНД
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар посгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ду ҳодисаи қочоқи молҳои гуногунро пешгирӣ намуданд. Онҳо 7 август зимни аз назар гузаронидани мошинҳои боркаши аз Афғонистон ба Тоҷикистон воридшаванда мошини боркаши КАМАЗ — и шаҳрванди Тоҷикистон Олим Маҳмадалиевро боздоштанд. Дар пинҳонгоҳи махсуси дар зери бордони мошин сохташуда шаш қуттии калон сигарети навъи «Пайн» — и сохти Куриё ошкор сохта ва мусодира карда шуд, ки 33 ҳазор қуттӣ сигарет дошт. Қуттиҳо ягон ҳуҷҷат ва ҳатто тамғаи аксиз надоштанд. Ҳамон рӯз дар посгоҳи мазкур мошини боркаши сокини ноҳияи Ҳисор Файзулло Раҳмонов боздошта шуд. Зимни аз назар гузаронидани он 417 қуттии гӯгирд ёфт шуд, ки дар он 10080 қуттӣ сигарети навъи «Пайн» — и сохти Куриё пинҳон карда шуда буд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки моли қочоқ ба шаҳрванди Афғонистон, сокини вилояти Тахор Мӯъмин Валади Ҷалолиддин тааллуқ дорад. Номбурда айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки нисбати қочоқчиён парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуданд, онҳо акнун барои ҷинояташон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






