ҲАБСИ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН ДАР ҲАМАДОНӢ
Ҳамадонӣ, 25 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ як шаҳрванди Давлати исломии Афғонистон, Мусохон валади Мирҳамзаро барои 18 сол равонаи зиндон намуд. Ин шаҳрванди Афғонистон дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, интиқоли маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешавад. Изатулло Табаров, раиси додгоҳи ноҳияи мазкур мегӯяд, давоми соли ҷорӣ саввумин шаҳрванди Афғонистон аст, ки дар ҳудуди ноҳия боздошт ва маҳкум ба зиндон мешавад. Аммо ҷаноби Табаров мегӯяд, аксари қочоқчиёни боздошташуда дар додгоҳ аз гирифтани адвокат ё худ ҳимоятгар даст мекашанд, зеро ба гуноҳи худ пурра иқроранд. Таи ду соли охир дар ноҳияи Ҳамадонӣ 15 тан аз шаҳрвандони Давлати исломии Афғонистон бо ҷурми убури ғайриқонунии марз, интиқоли маводи мухаддир аз 17 то 23 сол ҳукми зиндон гирифтаанд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






