ҲАЛОКАТИ КОРМАНДИ САҲА ДАР ХАРАНГОН
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Корманди Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Чеслав Белявский 9 август дар дараи Харангон дар масофаи даҳкилометрии самти шимолии шаҳри Душанбе ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Чеслав Белявский кӯҳнаварди касбӣ буда, дар мавзеи Харангон ба шаш нафар корманди созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ машғулияти кӯҳнавардӣ мегузаронд. Дар натиҷаи носозии техникии асбобу анҷоми кӯҳнавардӣ Ч.Белявский аз баландии 25 метр ба замин афтод ва маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа вафот кард. Субҳи 10 август дар ибодатхонаи католикии шаҳри Душанбе ҷанозаи марҳум хонда шуд. Ҷасади ӯ бо ҳавопаймо ба ватанаш — Лаҳистон фиристода мешавад. Ч.Белявский дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009 то имрӯз кор мекард. Ӯ аз Лаҳистон ба Душанбе фиристода шуда буд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






