ҲАЛОКАТИ КОРМАНДИ САҲА ДАР ХАРАНГОН

Август 11, 2009 15:10

                   Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Корманди Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Чеслав Белявский 9 август дар дараи Харангон дар масофаи даҳкилометрии самти шимолии шаҳри Душанбе ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд.                    Чеслав Белявский кӯҳнаварди касбӣ буда, дар мавзеи Харангон ба шаш нафар корманди созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ машғулияти кӯҳнавардӣ мегузаронд. Дар натиҷаи носозии техникии асбобу анҷоми кӯҳнавардӣ Ч.Белявский аз баландии 25 метр ба замин афтод ва маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа вафот кард.                   Субҳи 10 август дар ибодатхонаи католикии шаҳри Душанбе ҷанозаи марҳум хонда шуд. Ҷасади ӯ бо ҳавопаймо ба ватанаш — Лаҳистон фиристода мешавад.                    Ч.Белявский дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009 то имрӯз кор мекард. Ӯ аз Лаҳистон ба Душанбе фиристода шуда буд.

Август 11, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид