ҲАЛОКАТИ ВАЗИРИ СОХТМОНИ ИНГУШИСТОН
Магас, 13 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — 12 август дар пойтахти Ингушистон — шаҳри Магас вазири сохтмони ҷумҳурӣ Руслан Амирхонов кушта шуд. Шахсони номаълум ӯро дар ӯтоқи кориаш парронданд. Сӯиқасди мазкур ба фаъолияти касбии Амирхонов марбут дониста мешавад. Дар натиҷаи ҳамин сӯиқасд ёвари вазир Муҳаммад Амирхонов маҷрӯҳ шуд, ки хеши наздики Руслан Амирхонов мебошад. Р.Амирхонов дар вазифаи вазири сохтмон ҳамагӣ 8 моҳ боз кор мекард. Ӯро ба ин вазифа президенти Ингушистон Юнусбек Евкуров таъин карда буд. Вазири сохтмони Ингушистон баъди ду рӯзи аз шифохона баромадани президенти Ингушистон Ю.Евкуров ба ҳалокат расид. Тавре хабар дода шуда буд, 22 июн ба муқобили президенти Ингушистон амали террористӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷа Ю.Евкуров сахт маҷрӯҳ шуд ва дар шифохона табобат гирифт. Хабар дода мешавад, ки дар давоми шаш моҳи гузашта дар Ингушистон 164 нафар кушта шудааст. Қисми зиёди кушташудагон хизматчиёни ҳарбӣ, мансабдорон ва кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот мебошанд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






