ҲАЛОКАТИ ЖУРНАЛИСТИ МАЪРУФИ ТОҶИК
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 6 август дар роҳи мошингарди Душанбе — Панҷакент фалокати калони нақлиёт рух дод. Дар натиҷаи ин фалокат журналисти маъруф Қурбоналӣ Хӯҷамов ҳалок шуд. Қ.Хӯҷамов солҳои тӯлонӣ дар системаи радио ва телевизиони тоҷик кор кардааст. Ӯ сармуҳаррири идораи иттилоотии «Ахбор» — и телевизиони Тоҷикистон ва директори Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шуда кор кардааст. Ӯ вақтҳои охир сармуҳаррири ҳафтаномаи «Зиндагӣ» буд. Аз рӯи баъзе хабарҳо ҳамроҳи ӯ бародараш Мирзоалӣ, писараш Ромиш ва яке аз дӯстони писараш дар мошин буданд. Бар асари фалокат ҳамаи онҳо ҳалок шуданд. Кормандони Агентии миллии иттилоотии «Ховар» ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокгардида изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Тарҷумон — Қудратов А.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






