ҲАМКОРӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид 22 август бо мушовири Котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Юрий Волчок мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ю. Волчок бо супориши Муншии умумии ҷомеаи мазкур Тоҳир Мансуров вобаста ба муроҷиати гурӯҳи кории Шӯрои сиёсати кишоварзию саноатии назди Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия барои расондани кӯмак дар иҷрои барномаи сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати сохтани корхонаю муассисаҳои гуногуни тиҷоратию нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Тоҷикистон омадааст. Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи ташкили фазои воҳиди нақлиётии Ҷомеаи иқтисодии Евразия, барномаи бунёд ва рушди марказҳои тиҷоратию таъминотӣ ва нақшаи бунёди низоми минтақавии ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа дар қаламрави мамлакатҳои аъзои ҷомеа амалӣ карда мешавад. Шариф Саид пешниҳоди бунёди марказҳои таъминотро дастгирӣ намуда, меҳмонро дилпур сохт, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин бобат кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт. Зимни мулоқот масъалаҳои дигари марбут ба ҳамкорӣ муҳокима карда шуданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






